29 Июн 2026 - 09:25
Source: ABNA
Даъвои Axios: Вашингтон ва Теҳрон оид ба боздошти ҳамлаҳо ба тавофуқ расиданд

Axios ба нақл аз як мақоми амрикоӣ даъво кард, ки Вашингтон ва Теҳрон оид ба боздошти ҳамлаҳо ва баргузории дидор дар Доҳа ба тавофуқ расидаанд.

Ба гузориши агентӣ хабарии «Абна», Axios ба нақл аз як мақоми амрикоӣ даъво кард, ки Эрон ва ИМА оид ба боздошти ҳамлаҳои мутақобила ва баргузории нишаст дар ҳафтаи ҷорӣ ба тавофуқ расидаанд.

Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, Эрон ва ИМА рӯзи сешанбеи оянда дар шаҳри Доҳа барои ҳалли ихтилофоти марбут ба гулӯгоҳи Ҳурмуз нишаст баргузор хоҳанд кард.

Қаблан рӯзномаи The New York Times ба нақл аз як мақоми баландпояи амрикоӣ даъво карда буд, ки гуфтушунидҳои техникӣ бо Эрон дар бораи чӣ гуна иҷрои ёддошти фаҳм, боз ҳам барои рӯзҳои оянда ба нақша гирифта шудааст.

Ин мақоми амрикоӣ бо ишора ба мубодилаи оташи охирин миёни Эрон ва ИМА даъво кард, ки ҳеҷ гуфтугуе лағв нашда ва иртиботот боқӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки чанд соат қабл рӯзномаи The Wall Street Journal даъвои лағви гуфтушунидҳои ин ҳафта дар Швейтсарияро карда буд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha